Jump to content

Умари Хайём

Аз Beta Wikipedia

Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо

Template:NpcTemplate:Npc
Умар Хайёми Нишопурӣ
порс.عُمَر خَیّام نیشابوری
Script error: The function "formatStatements" does not exist.
20px Template:Comment Викимаълумот

Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбоГурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбоГурӯҳ:Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо

  1. REDIRECT Шаблон:Бетасвир

Умар Хайёми Нишопурӣ (Persian: عُمَر خَیّام نیشابوری; 18 майи соли 1048Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбоГурӯҳ:Зодагони рӯзи 18 майГурӯҳ:Зодагони соли 1048, Нишопур — 4 декабри соли 1131Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбоГурӯҳ:Фавтидагони рӯзи 4 декабрГурӯҳ:Фавтидагони соли 1131[1], ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.

Ном

[вироиш]

Ғиёсудди́н Абулфатҳ Ума́р ибни Иброҳим Хайёми Нишопурӣ

  • غیاث ‌الدین Ғиёсуддинхитоб, «Фарёдраси дин».
  • ابوالفتح Абулфатҳкуня, «падари Фатҳ» (ӯро писаре бо ном «Фатҳ» набуд).
  • عمر Умарисм (номи шахсӣ).
  • بن ابراهیم ибни Иброҳимнасаб, «писари Иброҳим».
  • خیام Хайёмтахаллус, «хаймадӯз» (ба ин далел, ки падараш ба «хаймадӯзӣ» машғул будааст).
  • نیشابورﻯ Нишопурӣнисба, «аз Нишопур».

Зиндагинома

[вироиш]

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст[2].

Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.

Хайём дар улуми мухталиф китобҳои боарзише навиштааст. Ӯ дар замони худ дорои мақом ва шӯҳрате баланд будааст ва муосирони ӯ ва низ мутаъаххирон ҳама вайро ба лақабҳое чун: Ҳаким, Хоҷа, Имом, Файласуф, Ҳуҷҷатул-ҳақ, Шайхул-Имом, Ашшайхул-Аҷалл, Аллома, Қудватул-фазл (Улгуи фазилат), Султонул-уламо, Маликул-ҳукамо, Имоми Хуросон ва ғайра сутудаанд[3].

Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.

Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.

Аз назари сиёсат низ воқеаҳои муҳимме дар асри Хайём рух дод, ки аз ҷумлаи онҳо суқути давлати Оли Буя, қиёми давлати Салҷуқӣ, ҷангҳои салибӣ ва зуҳури ботиниён аст. Хайём бештари умри худро дар шаҳри Нишопур гузаронд ва дар тайи даврони ҳаёти худ фақат ду бор аз Нишопур хориҷ шуд. Сафари аввал барои анҷом додани маросими ҳаҷ будааст.

Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.

Шинохти Хайём

[вироиш]

thumb|«Дар оромгоҳи Умари Хайём» (Ҷей Ҳамбиҷ, тахм. 1911) Ба далели шӯҳрати оламгири Ҳаким Умари Хайём, китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои бисёре дар бораи вай ба таҳрир даромадааст, аммо дар ғолиби ин осор умдатан ба ҷанбаи шоирӣ ва рубоиёти ӯ пардохта шуда ва буъди фалсафӣ, каломӣ ва динии таълифоти ӯ мағфул монда ва ё ба сурати боиста мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор нагирифтааст.

Аз ин рӯ, Хайём дар рӯзгори мо, бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир, чунонки лақаби Имом, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст, гувоҳи чунин иштиҳорест. Ҳам Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нависандаи китоби «Чаҳор мақола» — ки бино ба тасреҳи худаш, дар соли 506 ҳ.қ дар шаҳри Балх бо вай дидор доштааст — чунин алқоберо дар бораи вай ба кор мебарад[4] ва ҳам Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ муаллифи «Татиммату савонил-ҳикма»[5].

Бештари касоне, ки дар асри мо ба баҳсу пажӯҳиш дар бораи Хайём пардохтаанд, рубоиёти ӯро дар меҳвари таҳқиқот ва довариҳои худ қарор додаанд ва бидуни таваҷҷӯҳ ба осори дигари Хайём — ки дарбаргирандаи дидгоҳҳои фалсафӣ ва каломии ӯст — ба табйини муҳтаво ва дарунмояи рубоиёти вай бархостаанд. Ва ба ҳамин сабаб, афкореро ба вай нисбат додаанд, ки бо муҳтавои дигар осори бозмонда аз вай созгорӣ надорад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш]

Риёзӣ

[вироиш]

Хайём дар риёзиёт, улуми адабӣ, динӣ ва торихӣ устод буд. Нақши Хайём дар ҳалли муъодилоти дараҷаи сеюм ва мутолеоташ дар бораи асли панҷуми Иқлидус, номи ӯро ба унвони риёзидоне барҷаста дар торихи илм сабт кардааст; ба гунае ки дунёи риёзӣ мадюни таҳқиқот ва иктишофоти ин донишманд аст. Ибдоъи назарияе дар бораи нисбатҳои ҳамарз бо назарияи Иқлидус низ аз муҳимтарин корҳои ӯст.

Ситорашиносӣ

[вироиш]

Ислоҳи гоҳшумори Эрон

[вироиш]

Яке аз барҷастатарин корҳои Хайёмро метавон ислоҳи гоҳшумории Эрон дар замони вазорати Хоҷа Низомулмулк, ки дар давраи салтанати Маликшоҳи Салҷуқӣ буд донист. Тақвими имрӯзи эронӣ, ҳосили муҳосиботе аст, ки Хайём ва иддае аз донишмандони дигар анҷом доданд ва ба номи Ҷалолуддин Маликшоҳи Салқуқӣ, Тақвими Ҷалолӣ хонда мешавад.

Фалсафа

[вироиш]

Торихнигорон ва донишмандони ҳамасри Хайём ва касоне ки пас аз ӯ омаданд, ҷумлагӣ бар устодии Хайём дар фалсафа эътироф кардаанд, то он ҷо ки гоҳ вайро ҳакими даврон ва Ибни Синои замон донистаанд. Осори фалсафии мавҷуди Хайём ба чанд рисолаи кӯтоҳ аммо амиқ ва пурбор маҳдуд мешавад ва охирин рисолаи фалсафии Хайём баёнкунандаи гароишҳои ирфонии ӯст.

Дигар донишҳои башарӣ

[вироиш]

Истеъдоди шигарфи Хайём сабаб шуд, ки вай дар заминаҳои дигаре аз дониши башарӣ низ дастовардҳое дошта бошад. Аз вай рисолаҳои кӯтоҳе дар заминаҳое чун меконик (механика), ҳидрустотик (гидростатика), ҳавошиносӣ, назарияи мусиқӣ ва ғайра низ бар ҷой мондааст. Ахиран низ таҳқиқоте дар мавриди фаъолияти Хайём дар заминаи ҳандасаи тазйинӣ анҷом шудааст, ки иртиботи ӯро бо сохти гунбади шимолии Масҷиди ҷомеи Исфаҳон таъйид мекунад.

Хайёми шоир

[вироиш]

Умари Хайём бо камоли таъассуф, беш аз он ки ҳамчун як ҳаким, файласуф ва риёзидон матраҳ бошад, ба унвони як шоир ва ба хотири рубоиёташ машҳур ва шинохташуда аст[6].

Тоза, рубоиёте, ки Ҳаким Хайём ба онҳо дар ҷомеаи мо шӯҳрат дорад, рубоиёте аст, ки бештар ба мазоқи «алкашҳо» ва пучгароён хуш меояд, то одамони дурусту ҳисобӣ, ва ба гуфтаи Эдворд ФитзҶеролд

  1. გადამისამართება თარგი:En, «рубоиёти Хайём, Хайёмро барои хонанда чунон ҷилвагар мекунад, ки шаробхора ва шаҳватрон аст ва дар худпарастӣ ва шаҳавоти худ ғарқ аст, аз тақлид бар канор ва нисбат ба ахлоқи марсум нофармон, ва ҳадафи ниҳоии ӯ ҷалби сурур ва фурӯ рафтан дар лаззот аст. Ӯ монанди файласуфони дигар дар фикри он нест, ки ба нашри фазоил бикӯшад ва пояи ахлоқро устувор кунад. Афкори ӯ асосе надорад, аз суханони ӯ барои мардум фоидае оид намешавад, ақоиди ӯ мӯҷиби харобии низоми иҷтимоӣ аст, ва ба як сухан, Хайём шоир аст, вале файласуф нест.»

Дар бораи Хайёми шоир гуфтаанд, ӯ дар замони ҳаёташ ҳаргиз ба унвони шоир шинохта нашуда ва ҳатто сурудаҳояш дар замони ҳаёти вай маъруф набуда ва тадвин нашуда ва танҳо байни як даста аз дӯстони самимии ӯ шӯҳрат дошта ва пас аз маргаш мунташир шудааст. Ӯ ба ду забони порсӣ ва арабӣ шеър месуруда.

Рӯбоӣ

[вироиш]

Теъдоди воқеии рубоиёти Хайёмро беш аз 100 рубоӣ намедонанд, ҳол он ки беш аз чанд ҳазор рубоӣ ба ӯ нисбат дода мешавад. Дар Тоҷикистон ҳам миқдори рубоии ӯро бештар аз сад, ҳатто, панҷсадто гуфтаанд[7]. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар мавриди Хайём нигаришҳои мухталифе дар байни муҳаққиқон вуҷуд дорад. Иддае калимоти ӯро куфромез дониста ва ё ӯро шаробхор пиндошта ва ба ашъори ӯ аз ҷиҳати тарғиб ба майхорагӣ нигариста ва ҳатто иддае ӯро беэътиқод ба мабдаъ ва маъод фарз кардаанд.

Як ҷуръаи май мамлакати Чин арзад,
Як қатраи май сад дилу сад дин арзад.
Хуштар зи шароб дар ҷаҳон чист, бигӯ?
Талхе, ки ҳазор ҷони ширин арзад.

Аммо шуморе аз Хайёмшиносон бар ин боваранд, ки рубоиҳое, ки ба Хайём нисбат дода мешаванд, аслан маълум нест, аз Хайём бошанд. Онон мӯътақиданд, ки рубоиёти илҳоқӣ бисёр дар тайи қурун ба рубоиёти асили Ҳакими Нишопурӣ пайвастаанд ва бисёре аз рубоигӯён ба далоиле чанд, аз ҷумла бим аз авзоъи сиёсӣ, надоштани шаҳомати кофӣ барои баёни ақоиди хеш ва ё ба манзури бархӯрдорӣ аз шӯҳрати Хайём ва тарвиҷи сурудаҳои хеш дар сояи ин шӯҳрати оламгир, сурудаҳояшонро ба ӯ мансуб кардаанд.

Ба ҳамин хотир аст, ки камтар шахсиятеро метавон ёфт, ки чун Хайёми Нишопурӣ дар миёни ду изҳори назарҳои мутаноқиз гирифтор омада бошад. Гурӯҳе Хайёмро кофир ва мулҳид, ва гурӯҳе сӯфӣ ва зоҳид гуфтаанд.

Аммо ба назар мерасад ҳақиқат дар мавриди Хайём ҳамон аст, ки Устод Аллома Ҷаъфарӣ мегӯяд. Ӯ, Хайёмро мутакаллиме мӯътақид ба мабонии дин медонад ва бо ишора ба алқоб ва ановини пуразамате назири Ҳаким, Хоҷа, Имом, Ҳуҷҷатул-ҳақ, Шайхул-Имом, Ашшайхул-Аҷалл, Аллома ва ғайра, ки муосирони Хайём дар бораи вай ба кор бурдаанд, мегӯяд: «Итлоқи чунин алқобе ба касе ки мубаллиғи пучгаройӣ ва мӯътақид ба лаззатпарастӣ бошад, на бо мавозини фарҳанги рӯзгори ӯ созгор аст ва на метавонад қобили тавҷеҳ бошад

Дастхатҳои рубоиёти Умари  Хайём дар китобхонаи Бодлеяни Донишгоҳи Оксфорд, ки соли 1460 сабти ном шудааст, маҳфуз мебошад[7].

Тарҷумаҳои рубоиёти Хайём

[вироиш]

Зиёда аз нуҳсад сол мешавад, ки ному осор ва фалсафаи Умари Хайём диққати ҷаҳониёнро ба худ мекашад. Метавон як силсила алоқамандони тарҷума ва таҳқиқи осори Умари Хайёмро бо муҳаббат ном бурд, ки онҳо умри хеш сарфи омузиши зиндагинома ва рубоиёти Умари Хайём гардонидаанд. Ба монанди К. Балмонт, И. Тхоржевский, Л. Некора, О. Румер, А. Старостин, С. Липкин, М. Ватагин,Т. Спендиарова, Г. Плисетский, Г. Семёнов, Н. Стрежков, В. Зайтсев, С. Бону, К. Арсенева, Д. Седих, В. Микрюков, А. Ревич, В. Державин, М. Синелников, Н. Орлова, А. Кушнев, А. Шербаков, И. Селвинский, Л. Пенковский ва даҳҳо дигарон. Соли 2007 тарҷумаи сад рубоии Умари Хайём дар баргардони Валерий Ярмак нашр шуд. Ин дастпарвари Донишгоҳи Швейсария (шаҳри Сюрих), донандаи чандин забонҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ ва корманди Кумитаи байналмилалии Ҳилоли Аҳмар (Женева) барои санҷиши қалам ва сайқали фикр ба тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём аз забони тоҷикӣ ба русӣ пардохт.

Намунае аз тарҷума ба забони русӣ[8]
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
До нас сменялись дни и ночи чередой,
Светил вращенью и не грезился покой.
Будь осторожен и ступай на землю мягко,
Ведь это — прах красавиц под твоей ногой!

Хотира

[вироиш]

Муҷассамаи Ҳаким Умари Хайём 4 августи 2016 дар Острохони Русия насб шуд[9]. Дар саҳни бинои СММ дар Вена муҷассамаи Умари Хайём ҳамроҳ бо 3 донишманди бузурги тоҷику форс — Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шудааст[10]. Дар шаҳри Душанбе яке аз поркҳо «Боғи фарҳангию фароғатии Хайём»[11] номгузорӣ шудааст.

Эзоҳ

[вироиш]
  1. ^ Amin Maalouf, «"Samarkand".». Баъзан дигар таърих иншон дода мешавад.
  2. ^ "Хайём аз нигоҳи Аллома Ҷаъфарӣ". Кимиёи саодат. 2017-05-17. Retrieved 2017-05-18.
  3. ^ Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба ин алқоб, ки машҳур будааст, фарз кунед, ки Хайём шахсе буда пучгаро, майхора ва шаҳватрон. Оё ин мечаспад, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба замоне ки мезиста? / Сайидюнуси Истаравшанӣ
  4. ^ Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Чаҳор мақола».
  5. ^ Байҳақӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Зайд: Татиммату савонил-ҳикма, С.66.
  6. ^ "Умари Хайём, "алкаш" ва пучгаро, ё ҳакиме шариатмадор?". Кимиёи саодат. 2015-05-18. Retrieved 2017-05-18.
  7. ^ a b "Умари Хайём кӣ буд: Шоир ё риёзидон? | Омӯзгор" (in Russian). www.omuzgor-news.tj. Retrieved 2017-05-18.
  8. ^ Сто рубаи (новые переводы). Состовители Абдували Давронов, Фарогат Искандарова.— Душанбе, 2007
  9. ^ "Муҷассамаи Ҳаким Умари Хайём дар Острохони Русия насб шуд (тасовир)". Кимиёи саодат. 2016-08-04. Retrieved 2017-05-18.
  10. ^ "Дар саҳни бинои СММ дар Вена муҷассамаи донишмандони бузурги тоҷик гузошта шуд | Телевизиони Тоҷикистон". tvt.tj. Retrieved 2017-05-18.
  11. ^ "ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №195 аз 21.04.2017 > Хабарҳо > Сомонаи шаҳрдории Душанбе". dushanbe.tj. Retrieved 2017-05-18.

Пайвандҳои вобаста

[вироиш]

Пайвандҳо

[вироиш]

Гурӯҳ:Донишмандони Эрон Гурӯҳ:Риёзидонони Эрон Гурӯҳ:Аxтаршиносони Эрон Гурӯҳ:Машоҳири Нишопур Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо Гурӯҳ:Шоирони асри XI Гурӯҳ:Шоирони форсу тоҷик Гурӯҳ:Нишопур


  1. REDIRECT Шаблон:Шоир-нопурра